Шанбе, 14 ноябр 2026
Сиёсат

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон —  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ иштироки Консули генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Екатеринбург таҳсил менамоянд, иштирок намуданд

Зимни чорабинӣ аҳамияти таърихии ин рӯйдодҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардид.

Ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими давлат, расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон саҳми ҳалкунанда ва таърихии Пешвои миллат дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули пояҳои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол махсус таъкид гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj