Душанбе, 16 ноябр 2026
Сиёсат

Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд

Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машварт маҷмуи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, сайёҳӣ ва амниятӣ баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо аз сатҳи хуби ҳамкории ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро барои таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ  дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зоҳир гардид.

Тоҷикистон ва Олмон соли 2027  35-солагии истиқрори робитаҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.  Ҳамкории ҳар ду мамлакат давоми ин солҳо дар доираи якчанд абзори дуҷониба ва минтақавӣ рушд меёбад.

Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Ором Йоахим Бертеле доир шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj