Сешанбе, 17 ноябр 2026
Сиёсат

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи 30-юмин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид  Хон мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳоро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj