Панҷшанбе, 19 ноябр 2026
Сиёсат

Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид

Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо намояндагони гурӯҳи ширкатҳои «Нама» (Nama Group) ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон дар шаҳри Масқат вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj