Панҷшанбе, 19 ноябр 2026
Сиёсат

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Авазаи Туркманистон  сафар намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар доираи он имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки баргузории муваффақонаи иҷлосияи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадами бузург дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ хоҳад буд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда ва дастгирии ташаббусҳои ҳамтоёни туркмани худ, ки ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона шудааст, изҳори омодагӣ менамояд.

Таъкид карда шуд, ки ба табодули таҷриба дар самти такмили қонунгузорӣ, барқарор намудани робитаҳои доимӣ байни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин арзёбии самаранокии раванди қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан зарур аст.

«Мо муҳим мешуморем, ки ҳамкориро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон боз ҳам густариш дода, робитаҳои мустақимро байни муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ инкишоф диҳем ва ташаббусҳои муштараки фарҳангию маърифатиро дастгирӣ намоем», — изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj