ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ – сентябр дар сатҳи муносиб таъмин гардида, рушди воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,3 фоиз таъмин ва ҳаҷми номиналии он ба 136,2 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 18,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Чунин баён гардид зимни муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026»». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки натиҷаҳои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ давоми солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, ба хусус таҳриму маҳдудияти бесобиқа дар раванди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо дастгирӣ ва пешбурди сиёсати ҳадафмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷалби сармояи беруна барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, тадриҷан афзоиш додани ҳаҷми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, хусусан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат таъмин мегардад.
Вобаста ба ин дар 9 моҳи соли 2026 дар иртибот ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо амалӣ гардидани тадбирҳои ислоҳотӣ ва истифодаи имконияти молиявӣ иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ бо барзиёдӣ дар сатҳи 114,9 фоиз таъмин гардид. Моҳҳои январ-сентябр идоракунӣ дар низоми молияи мамлакат дар доираи талаботи стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ба роҳ монда шуда, нишондиҳандаҳои асосии нақшавӣ дар сатҳи муносиб таъмин гардиданд.
Бо мақсади таъмини татбиқи дурнамои дарозмуддати идоракунии устувории молиявӣ ҳоло механизми ташаккули захираҳои молиявӣ, ки ба рушди иқтисодиёт ва инчунин дар оянда пешгирӣ намудани эҳтимоли пайдо гардидани ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт дар иқтисодиёт равона гардиданд, амалӣ мешавад.
Муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» бо нишондиҳандаҳои мусбат дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






