Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Сиёсат

Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд

Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин нишаст ҳайати Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҷониби Парламенти Иттиҳоди Аврупоро Ҷузеппина Принчи, Раиси ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон роҳбарӣ карданд.

Зимни ҷаласаи навбатӣ ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзори байнипарлумонӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба Созишномаи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (EPCA) ва муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, робитаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, сиёсати муҳити зист, ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика, соҳаҳои алоқа, нақлиёт, инфрасохтор, ҳуқуқи инсон ва волояти қонунро баррасӣ намуданд.

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба тавсеаи ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус зоҳир менамоянд. Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳимми байналмилалии худ дониста, саъй мекунад, ки ҳамкории дарозмуддат ва устуворро дар асоси принсипҳои мутақобили муфид инкишоф диҳад.

Таъкид карда шуд, ки муҳокимарониҳои имрӯзa далели равшани рушди босубот ва мутақобили судманди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебошадн. Аз ин бармеояд, ки ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду ҷониб сол то сол таҳким ёфта, воқеан ба манфиати мардумони мо равона гардидаанд.

Шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои равшан буда, дар асоси манфиатҳои муштарак ва ҳадафҳои созанда дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад шуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj