Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Сиёсат

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА СОХТМОНИ МАҶМААИ БОКС ВА МЕҲМОНХОНАИ 5-СИТОРАДОР ДАР ПОЙТАХТ АЗ ҶОНИБИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА УМАР КРЕМЛЁВ

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА СОХТМОНИ МАҶМААИ БОКС ВА МЕҲМОНХОНАИ 5-СИТОРАДОР ДАР ПОЙТАХТ АЗ ҶОНИБИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА УМАР КРЕМЛЁВ

13 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв дар ноҳияи Синои пойтахт бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ бо 204 ҷойи мошин иборат мебошад. 

Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар паҳлуи маҷмаа меҳмонхонаи муҳташами 5-ситорадор дорои 340 ҳуҷараҳои барҳавои люкс ва стандарт хоҳанд буд. 

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулон ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ва бо сатҳ ва сифати баланду ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохтани маҷмааи мазкур дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.