Шанбе, 14 ноябр 2026
Президент

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.

Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон · president.tj