Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Президент

Ифтитоҳи Беморхонаи байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Беморхонаи байналмилалии Душанбе

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳазанд. 

Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд. Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.

Худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳанд, то вақти бештари худро ба муҳимтарин масъала, яъне барқарорсозии саломатии инсон равона созанд.

Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад.

Ҳамчунин, беморхона дорои дастгоҳи ангиографӣ барои ташхису муолиҷаи бемориҳои рагҳои хунгард, маммографияи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up)низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳоднамуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозиисаривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар беморхона барои фароҳам овардани шароитибудубоши беморон ва кормандон ошхона бо 150 ва маҷлисгоҳ бо80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Беморхонаи байналмилалии Душанбе дар баробари хизматрасониҳои муосири тиббӣ, барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон ҳамчун маркази илмӣ ва таълимӣ рушд намуда, фароҳам овардани замина барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тиббӣ ба интиқоли таҷрибаи байналмилалӣ, рушди кадрҳои ватанӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тиббӣ дар пойтахти кишвар дар роҳи таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами муҳим ба шумор меравад.

Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон · president.tj