РАШТ, 14.11.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ, таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, таъмини амнияти комил ва оромию амният дар мамлакат, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ баён гардиданд.
Иброз гардид, ки дар саҳифаҳои пурпечутоби таърихи халқи тоҷик номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории нав, наҷотбахши миллат ва рамзи ваҳдату суботи сиёсӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Имрӯзҳо тамоми комёбиҳои мамлакат дар чаҳорчӯбаи истиқлолияти давлатӣ бо шахсияти Сарвари давлат пайванд доранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳимми иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад.
Гуфта шуд, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ва ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт чорабиниҳои идона ва вохӯриҳои судманд идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj




