Шанбе, 14 ноябр 2026
Президент

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

 ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — меъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ  баргузор  гардид. Дар он иброз шуд, ки бо мақсади  арҷгузорӣ ба  хизматҳои  арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз соли 2016  ин ҷониб Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрор мебошад.

Таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтирому садоқат ба Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат барои ободии Ватан мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj