Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Президент

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  20 ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақша доранд, як қатор масоили ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj