Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Президент

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 20 ноябр сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Зимни мулоқоти сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доираи васеи масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин, мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ гардид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гусел намуданд.

Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия 20.11.2026

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj