Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд

Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки рушди тухмипарварӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва амалӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим доранд. Ҳамзамон масъалаҳои технологияи кишти гандуми тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои обёришаванда ва рушди истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамоиш масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахта ва иҷрои нақшаи истеҳсолии он низ баррасӣ гардида, масъулин ба истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва иҷрои саривақтии вазифаҳои соҳавӣ даъват шуданд.

Дар фарҷом иштирокчиён вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафта пешниҳодҳо манзур намуда, барои иҷрои вазифаҳои муайянгардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj