Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иҷтимоъ

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД» . Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД» . Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-пойдории давлати ҳуқуқбунёд» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд. 

Иброз гардид, ки имсол мардуми тоҷик 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ин санади тақдирсоз, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, заминаи устувори бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистонро гузошт.

Ин санади муҳим ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарҳуқуқии занону мардон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила ва модару кӯдакро кафолат медиҳад.

Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми зан, таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои модару кӯдак ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Моддаи 17-и Конститутсия баробарии ҳама дар назди қонун ва судро муқаррар намуда, ҳар гуна табъизро вобаста ба ҷинс ва дигар хусусият манъ менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ заминаи ҳуқуқии таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои иштироки онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад.

Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул ва амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», ки 1 марти соли 2005 қабул гардидааст, барои таъмини баробарҳуқуқӣ ва пешгирии табъиз заминаи муҳим фароҳам овард.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки 19 марти соли 2013 қабул гардида, бо тағйиру иловаҳои минбаъда такмил дода шудааст, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои аъзои оила, пешгирии зӯроварӣ ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ равона гардидааст.

Дар баробари ин, татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба баланд бардоштани фаъолнокии занон, тавсеаи имконияти онҳо ва ҷалби васеъ ба идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Эҳтиром ва риояи Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва таҳкими оила вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj