Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд

Хонандагони тоҷик дар  олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, олимпиада дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он 115 хонанда аз 17 давлат иштирок намуданд.

Намояндагони Тоҷикистон хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Артём Батрутдинов ва Баҳодур Зиёев, инчунин хонандаи Литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ» Абдулло Бойзода мебошанд. Ин дастовард самараи донишандӯзӣ, истеъдод, заҳмати пайваста ва талошҳои хонандагон мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба рушди илм, ба хусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ (2020–2040) иқдоми стратегӣ буда, ҳадафи он омода намудани насли навовар, муҳандисон, технологҳо ва олимони ҷавон мебошад.

Дар доираи ин ташаббуси давлатӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика ва химия таваҷҷуҳ бештар равона гардидааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегарданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj