Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иҷтимоъ

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Иброз гардид, ки бо иқдоми хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфта, дар бедор намудани завқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав нақши муҳим дорад.

562 нафар — иштирокчии даври чорум

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар даври якуми озмун 368 ҳазору 291 нафар иштирок намуда, аз ин шумора танҳо 562 нафар бо нишон додани донишу маҳорат ва натиҷаҳои назаррас ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 445 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Иштироки зиёда аз якуним миллион довталаб дар 8 сол

Натиҷаҳои ҳашт соли баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ далели равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба китоб ва дониш мебошанд.

Дар давраи солҳои 2019 то 2024 дар озмун 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 772 ҳазору 923 нафар ё 67 фоиз занону духтарон мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯйи он аст, ки озмун дар тарғиби дониш, рушди маърифати хонавода ва боло бурдани мақоми занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим дорад.

Тибқи маълумот, дар даври якуми озмун дар соли 2025  352 ҳазору 42 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 235 ҳазору 840 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд.
Иштироки фаъолонаи кӯдакон ва наврасон нишон медиҳад, ки муҳаббат ба китоб дар дили насли наврас ҷойгир буда, ин муҳимтарин дастоварди озмун аст.

Соли 2026 дар даври якуми озмун дар маҷмуъ 368 ҳазору 291 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 311 ҳазору 501 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 41 ҳазору 209 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 15 ҳазору 581 нафар омӯзгорон, аспирантон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа буданд. Шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта 16 ҳазору 249 нафар зиёд гардидааст.

100 фоиз зиёд гардидани маблағи озмун

Бо назардошти рӯ овардани шаҳрвандони мамлакат, ба хусус насли наврас ба озмун бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон барои баргузор гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳадафи баргузории озмун

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj