Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 ноябр намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бо низоми рақамикунонии нафақа ва татбиқи ислоҳот дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Намояндагони Тоҷикистон самтҳои ташаккул ва идоракунии низоми суғуртаи иҷтимоӣ, рақамикунонии равандҳои таъйин ва пардохти нафақа, амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, такмили низоми идоракунии соҳа ва ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии инфиродиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ, ҳамгироии пойгоҳҳои иттилоотӣ, таъмини шаффофияти хизматрасониҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими устувории молиявии низоми нафақа баррасӣ гардиданд.

Иштироки намояндагони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин даври омӯзишӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа омӯхта шуда, роҳҳои татбиқи таҷрибаи муваффақ дар шароити Тоҷикистон муайян карда шаванд.

Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳимми такмили низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва тақвияти раванди ислоҳоти соҳа ба ҳисоб меравад.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj