ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди якчанд иншооти муҳими соҳаҳои маориф, саноат ва маъмурӣ идома дорад. Ин тадбирҳо бо мақсади рушди инфрасохтори таълимӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойи нави кор амалӣ карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар самти соҳаи маориф сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 420 хонанда дар як баст дар шаҳраки Сайҳун давом дорад, ки фармоишгари ин бинои сеошёна Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчияш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неруи Суғд» мебошанд. Ҳамчунин сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳия барои зиёд намудани фарогирии кӯдакон ва бунёди муассисаи таълимии хусусии «Амид» барои 600 хонанда дар деҳаи Ғозиён идома дорад.
Дар бахши саноат сохтмони фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аврупо паранда» ва коргоҳи истеҳсоли қубурҳову профилҳои сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайҳун профил» дар шаҳраки Сайҳун амалӣ карда мешаванд. Ин корхонаҳо ба коҳиши вобастагӣ аз воридот ва таъсиси ҷойи нави кор нигаронида шудаанд. Дар ҳамин мавзеъ сохтмони корхонаи коркарди гандум ва истеҳсоли орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фатир Агро» бо иқтидори шабонарӯзии то 1000 тонна орд ва анбори 40-ҳазортоннагӣ бо технологияи муосири туркӣ давом дорад. Ҳамзамон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко Инвест» ва дар шаҳраки Ғафуров бинои маъмурии адлия сохта мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






