ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзишу таҳқиқи мероси адабию таърихӣ, муаррифии чеҳраҳои мондагори миллат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Шинохти шахсиятҳои адабӣ ва таърихӣ дар заминаи истиқлол» (дар заминаи китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки омӯзишу тарғиби осори шахсиятҳои барҷастаи адабию таърихӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон нақши муассир дорад. Ҳамзамон шинохти саҳми фарзандони фарзонаи миллат дар ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Пешвои миллат ва Сотим Улуғзода», «Муаррифӣ ва шинохти чеҳраҳои таърихӣ ва адабӣ дар консепсияи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳовар» ва ««Чеҳраҳои мондагор» – дастури таҳқиқ ва шинохти воқеии аҳволу осори адибони гузашта ва муосир» маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.
Изҳор гардид, ки китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷикон, омӯзиши саҳми онҳо дар рушди тамаддуни миллӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ аҳамияти хосса дорад. Асар на танҳо сарчашмаи муҳими маърифатӣ, балки роҳнамои арзишманд барои омӯзиши таърихи миллат ва шинохти воқеии хизматҳои фарзандони фарзонаи он мебошад.
Ҳамзамон масъалаи таваҷҷуҳ ва арҷгузории Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷик, аз ҷумла нависанда ва драматурги маъруф Сотим Улуғзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки Сотим Улуғзода аз зумраи адибони соҳибмактаб буда, бо осори пурмуҳтавои таърихию бадеии худ дар рушди насри тоҷик ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Асарҳои таърихии ӯ, аз ҷумла «Восеъ», «Ривояти суғдӣ» ва «Фирдавсӣ» дар бозтоби рӯйдодҳои таърихӣ, симои қаҳрамонони миллӣ ва арзишҳои маънавии халқ мақоми хос доранд.
Таъкид карда шуд, ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат масъалаи шинохти шахсиятҳои таърихию адабӣ ва ҷойгоҳи онҳо дар таърихи миллат аҳамияти махсус касб мекунад. Арҷгузорӣ ба осори Сотим Улуғзода низ дар ҳамин заминаи омӯзиши мероси адабӣ, эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ қобили баррасӣ мебошад.
Конференсия барои густариши таҳқиқоти илмӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






