Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории чорабинии сатҳи байналмилалӣ мусоидат ба рушди бахши тандурустӣ, воридоти технологияи муосири тиббӣ, табодули таҷриба байни кормандони ин бахши муҳими ҷомеа, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар форум гуфта шуд, ки бунёду ба истифода додани Беморхонаи байналмилалии Душанбе нишонаи возеҳи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин ҷавобгӯ сохтани фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар ба талаботи ҷаҳонии тиббӣ мебошад.

Дар қисмати дигари чорабинӣ байни  Беморхонаи байналмилалии Душанбе ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи тандурустии Ҷумҳурии Корея, Олмон ва Федератсияи Русия 9 санади нави ҳамкорӣ оид ба табодули таҷриба, тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби технологияи замонавии тиббӣ ба имзо расид.

Дар қисми илмию амалии форум намояндагони марказҳои байналмилалии тандурустӣ аз Корея, Русия ва Австрия дар мавзуъҳои «Бемории ишемикии дил ва бемории ревматикӣ», «Рушди нигоҳубини тиббии хусусӣ» ва ғайра маъруза карданд.

Бояд гуфт, ки баргузории форуми байналмилалии тандурустӣ барои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои байналмилалии хориҷӣ дар самти ба талаботи ҷаҳонӣ баробар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj