Шанбе, 14 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд

Дар  Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҳизбӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, раҳоии мамлакат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ назаррас мебошанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин иҷлосия дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт гардида, барои пешгирии парокандагии давлат, ҳифзи ягонагии миллӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон нақши калидӣ бозидааст.

Омӯзиши амиқи ин саҳифаи таърих барои насли ҷавон аҳаммияти махсус дошта, ба ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj