Шанбе, 14 ноябр 2026
Иҷтимоъ

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президент будан мақом аст. Мақоме, ки онро Конститутсия муайян мекунад, қонун танзим менамояд ва давлат бо тамоми сохтору ниҳодҳояш таъмин месозад. Аммо мардумӣ будан унвон нест. Онро бо фармон додан, бо қонун муқаррар кардан ё бо қарори ягон ниҳод ба шахс бахшидан имкон надорад. Мардумӣ будан аз муносибат оғоз меёбад. Аз он ки инсон бо дигарон чӣ гуна рафтор мекунад, дар симои онҳо киро мебинад, ба суханашон чӣ гуна гӯш медиҳад ва муҳимтар аз ҳама, барои беҳтар шудани рӯзгорашон чӣ коре анҷом медиҳад.

–Шояд аз ҳамин ҷост, ки дар таърихи давлатдории миллатҳо баъзан шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки мардум онҳоро бештар аз унвону мақомашон мешиносанд. Чеҳраи чунин шахсиятҳо бо як давраи муайяни таърихӣ пайванд ва зиндагии онҳо бо сарнавишти ҷомеа гиреҳ мехӯрад. Дар ин маврид барои дарку шинохти чунин шахсият бояд ба зиндагии мардум назар кард. Ба фаъолияти беш аз сисолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин нуқтаи назар низ метавон нигарист.

Дар бораи фаъолияти давлатдориашон бисёр гуфтаанду навиштаанд. Нақшашон дар раванди истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, бунёди иншооти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавзуи садҳо китобу мақола ва пажуҳиш қарор гирифтааст. Ин ҳама воқеияте мебошад, ки барои таҳлилу арзёбии таърихи навини давлатдории тоҷикон аҳамият дорад. Аммо мавзуи дигаре низ ҳаст, ки ба андешаи мо, ҳанӯз имкони фаровони таҳқиқу бозгӯйӣ дорад. Ин мавзуъ муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инсон аст. Бо ҳамон инсоне, ки давлат барои ӯ вуҷуд дорад, қонун ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ қабул мешавад ва тамоми фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ бояд ба беҳтар гардидани зиндагии ӯ равона бошад.

Воқеан, агар давлат барои инсон аст, пас меъёри асосии фаъолияти давлат низ бояд зиндагии инсон бошад. Аз ҳамин лиҳоз, дар баробари нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дастовардҳои сиёсӣ ва иншооти бунёдшуда як меъёри дигари арзёбӣ вуҷуд дорад: таъсири ин ҳама ба рӯзгори мардум. Ин меъёр ба мо имкон медиҳад, ки ба мафҳуми «Президенти мардумӣ» аз паҳлуи дигар назар андозем.

Мардумӣ будан, яъне, чӣ?

Одатан, вақте аз мардумӣ будани роҳбаре сухан меравад, пеш аз ҳама, хоксорӣ, самимият, муоширати озод ва наздикӣ бо мардумро ба хотир меоранд. Албатта, ин хислатҳо муҳиманд, аммо ба назари мо, мардумӣ будан мазмуни фарохтар дорад.

Роҳбар метавонад бо ҳазорон нафар мулоқот кунад, дар байни мардум ҳузур ёбад, бо онҳо суҳбат намояд ва ба пурсишҳояшон посух диҳад. Ҳамаи ин барои муоширати роҳбар бо ҷомеа аҳамият дорад. Вале барои мардумӣ будани роҳбар меъёри муҳимтар он аст, ки ин мулоқотҳо, суҳбатҳо ва огоҳӣ аз вазъи мардум дар фаъолияти давлатдорӣ чӣ натиҷа медиҳанд.

Барои дарки бештари мавзуъ ба чанд мисоле метавон таваҷҷуҳ кард. Масалан, вақте дар минтақае мактаби нав бунёд мешавад, барои як давлат он иншооти соҳаи маориф аст. Аммо барои кӯдаке, ки то дирӯз барои расидан ба мактаб чанд километр роҳ мепаймуд, ин иншоот маънои дигар дорад. Он метавонад имкони ҳар рӯз сари вақт ба дарс расидан, дар шароити беҳтар таҳсил кардан ва бо умеди бештар ба оянда нигаристанро фароҳам орад. Барои падару модари ӯ бошад, мактаб макони оромии хотир аст, ки фарзандашон дар шароити муносиб дониш меомӯзад. Барои омӯзгор синфхонаи нав, таҷҳизоти таълимӣ ва муҳити созгори корӣ шарти муҳими иҷрои рисолати касбӣ мебошад. Ҳамин тавр, як иншоот метавонад дар зиндагии садҳо инсон садҳо маъно дошта бошад.

Роҳ низ чунин аст. Яъне, барои сокини деҳаи дурдаст роҳ метавонад маънои дастрасӣ ба бозор, беморхона, мактаб, ҷойи кор ва имконияти нави зиндагиро дошта бошад.

Ба ин монанд метавон садҳо мисол овард, аммо муҳимтар ин аст, ки тамоми иқдому ташаббусҳои анҷомёфта ба зиндагии мардум чӣ таъсире хоҳад дошт. Ба ибораи дигар, арзиши аслии онҳо дар тағйироте зоҳир мегардад, ки ба зиндагии инсон чӣ чизе ворид мекунанд.

Аз ин назар, барои шинохти амиқтари фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар баробари иншооту барнома ва ташаббусҳои давлатӣ, ба тақдири одамоне низ таваҷҷуҳ кард, ки аз натиҷаи онҳо манфиат баҳра мебаранд.

Дар бораи сулҳ аз забони модар бояд гуфт

Агар аз тамоми рӯйдодҳои давраи роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мавзуъро интихоб кунем, ки дар он пайванди сиёсати давлатӣ бо сарнавишти инсон равшантар эҳсос мешавад, он сулҳ аст.

Тоҷикистони солҳои аввали истиқлолият рӯзҳои бисёр сангинро аз сар гузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти инсонӣ, харобии манзилу муассисаҳо, муҳоҷирати иҷборӣ ва ҷудоии ҳазорон оила гардид. Нобоварӣ ва душманӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ роҳ ёфта, зиндагии осоиштаи мардумро халалдор карда буд.

Маҳз дар чунин вазъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 ба роҳбарии давлат расиданд. Раванди душвору тӯлонии музокироти сулҳ, ки дар он роҳбарияти давлат, намояндагони мухолифин, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои миёнарав иштирок доштанд, ниҳоят 27 июни соли 1997 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷомид. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад ва нақши Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат дар ин раванд қобили таваҷҷуҳи хос аст.

Аммо мехоҳам ба масъала аз паҳлуи дигар назар андозем.

Сулҳ барои сиёсатмадор метавонад натиҷаи музокирот, созиш, гузашт ва иродаи сиёсӣ бошад. Барои таърихнигор он санаи муайян ва рӯйдоди сарнавиштсоз аст. Барои ҳуқуқшинос сулҳ дар санадҳо, уҳдадориҳо ва кафолатҳои ҳуқуқӣ ифода меёбад. Аммо барои модаре, ки фарзандаш дар ҷанг аст, сулҳ, пеш аз ҳама, умеди зинда баргаштани фарзанд мебошад. Барои кӯдаке, ки аз тарси тирпарронӣ шабҳо бедор мемонад, сулҳ имкони беваҳм хоб рафтан аст. Барои падаре, ки хонаводаашро аз маҳалли зист берун бурдааст, сулҳ умеди бозгашт ба хона аст. Барои омӯзгор сулҳ имкони дубора ба синфхона баргаштан, ҷамъ овардани шогирдон ва идомаи дарс мебошад. Ба ибораи дигар, сулҳ дар санад як мафҳум дорад ва дар қалби инсон ҳазорон маъно. Шояд бузургтарин арзиши сулҳ низ ҳамин бошад, ки он ба инсон имкони зиндагии муқаррариро бармегардонад.

Мо одат кардаем, ки аз зиндагии муқаррарӣ ҳамчун як чизи табиӣ ёд кунем. Яъне, субҳ ба кор рафтан, фарзандро ба мактаб гусел намудан, дар хона бо аҳли оила ҷамъ омадан, барои оянда нақша кашидан. Ин ҳама барои ҷомеаи осоишта корҳои маъмулист. Аммо онҳое, ки ҷангро аз сар гузарондаанд, медонанд, ки дар рӯзҳои нооромӣ ҳамин корҳои одӣ ба орзу табдил меёбанд. Аз ин рӯ, ҳангоми арзёбии нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳи тоҷикон бояд ин паҳлуи инсонии масъала низ дар назар бошад.

Он чизе, ки дар протокол наменависанд

Фаъолияти роҳбари давлат табиатан бо расмият алоқаманд аст. Мулоқотҳо, сафарҳо, суханрониҳо ва чорабиниҳо барномаи муайян доранд. Ҳар вохӯрӣ бо риояи тартибот ва талаботи протоколӣ баргузор мешавад. Аммо муносибати инсонӣ ҳамеша дар қолаби протокол ҷой намегирад.

Баъзан як суҳбати кӯтоҳ метавонад аз чандин суханронии расмӣ бештар дар хотири инсон бимонад. Як пурсиши самимӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи шахсӣ ё шунидани сухани нафаре, ки имкони муроҷиат ёфтааст, метавонад барои худи ӯ аҳамияти бузург дошта бошад.

Маҳз аз ҳамин назар сафарҳои кории Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои таҳқиқи публитсистӣ маводи фаровон медиҳанд.

Дар чунин сафарҳо дар баробари ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо мулоқот бо сокинон, омӯзгорон, донишҷӯён, деҳқонон, соҳибкорон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Аз нигоҳи расмӣ ин мулоқотҳо ҷузъи фаъолияти Роҳбари давлатанд. Аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ онҳо як имкони муҳим доранд: шунидани масъалаҳои рӯзгори мардум аз забони худи онҳо. Албатта, барои муайян кардани аҳамияти чунин мулоқотҳо бояд ба натиҷаи онҳо низ таваҷҷуҳ кард. Зеро самимияти муносибат вақте арзиши бештар пайдо мекунад, ки бо масъулият ва амали мушаххас пайванд ёбад. Маҳз дар ин ҷо фарқи муҳими роҳбарӣ ва мардумӣ будан ошкор мегардад.

Роҳбар метавонад мушкилотро тавассути ҳисобот бишнавад. Аммо барои дарки амиқи вазъият ҳамеша ҳисобот кофӣ нестанд. Ҳисобот метавонад нишон диҳад, ки дар як минтақа чанд муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, аммо на ҳамеша метавонад эҳсоси омӯзгореро бозгӯйӣ кунад, ки дар шароити душвор ба кӯдакон дарс медиҳад. Омор метавонад аз шумораи ҷойҳои корӣ маълумот диҳад, аммо тамоми ташвишҳои оилаеро, ки дар ҷустуҷӯи даромади устувор аст, ифода карда наметавонад. Маълумоти расмӣ метавонад нишондиҳандаҳои хизматрасонии тиббиро муайян созад, аммо эҳсоси модареро, ки фарзанди беморашро ба беморхона мебарад, ба пуррагӣ инъикос намекунад. Аз ин рӯ, барои ҳар роҳбари давлат муҳим аст, ки дар паси ҳисобот инсонро бинад. Шояд яке аз меъёрҳои амиқтарини мардумӣ будани роҳбар маҳз ҳамин бошад: қобилияти дидани сарнавишти инсон дар паси масъалаҳои давлатӣ.

Президент ва кӯдаке, ки ҳанӯз овоздиҳанда нест

Дар муносибати Роҳбари давлат бо кӯдакон як ҷиҳати ҷолиби фалсафӣ вуҷуд дорад.

Кӯдак ҳанӯз дар интихобот иштирок намекунад, дар муҳокимаҳои сиёсӣ мавқеи муайян надорад ва ба қарорҳои давлатӣ таъсири мустақим расонда наметавонад. Аммо маҳз ӯ яке аз муҳимтарин соҳибони ояндаи давлат аст. Аз ҳамин лиҳоз, муносибати роҳбари давлат ба кӯдакро метавон нишонаи муносибати ӯ ба оянда арзёбӣ кард. Зимни сафарҳои корӣ борҳо дидем, ки Пешвои миллат ҳатман бо ин қишри ҷомеа мулоқот мекунанд ва суҳбатҳои самимӣ анҷом медиҳанд. Муҳимтар аз ҳама, аз ҳоли онҳо мепурсанд ва ба шароити зиндагию таҳсил таваҷҷуҳи хос мекунанд.

Борҳо гуфтем, ки мактабе, ки имрӯз сохта мешавад, барои наслест, ки фардо масъулияти идораи ҷомеаро ба зимма хоҳад гирифт. Донишгоҳе, ки имрӯз рушд мекунад, мутахассисони ояндаро омода месозад. Китобе, ки имрӯз ба дасти хонанда мерасад, метавонад баъди солҳои зиёд ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби роҳи зиндагии ӯ таъсир расонад.

Дар фаъолияти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди маориф, тарбияи насли наврас, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод пайваста матраҳ мегарданд. Дар чунин муносибат як мантиқи муҳими давлатдорӣ дида мешавад: ояндаи давлат аз сифати тарбияи насли имрӯз вобаста аст.

Ин ҷо мехоҳам ба як андешаи дигар таваҷҷуҳ намоем.

Бунёди мактаб кори имрӯза аст, аммо натиҷаи аслии он баъди солҳо маълум мешавад. Мумкин аст кӯдаке, ки имрӯз дар як мактаби нав дарс мехонад, баъди бист сол табиби соҳибкасб, олими шинохта, муҳандиси варзида ё омӯзгори фидокор гардад. Шояд ӯ дар оянда мушкилотеро ҳал кунад, ки ҷомеаи имрӯза ҳанӯз роҳи ҳалли онро наёфтааст. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба маориф як хусусияти муҳим дорад: самараи он аз давраи иҷрои худи кор фаротар меравад.

Роҳбаре, ки ба маориф таваҷҷуҳ мекунад, дар асл ба ояндаи ҷомеа сармоя мегузорад. Вале барои он ки ин сармоягузорӣ натиҷаи дилхоҳ диҳад, танҳо сохтмони муассисаҳо кофӣ нест. Сифати таълим, мақоми омӯзгор, муҳити тарбия, дастрасии баробар ба дониш ва имкони рушди истеъдодҳо низ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Ҳамин аст, ки муносибати давлат ба омӯзгор бояд дар маркази сиёсати маориф қарор гирад. Зеро мактабро метавон дар муддати муайян сохт, аммо тарбияи омӯзгори соҳибкасбу соҳибэҳтиром солҳои зиёд заҳмат мехоҳад.

Шояд баъди гузашти даҳсолаҳо муҳимтарин меъёри арзёбии сиёсати маориф шумораи мактабҳои бунёдшуда набошад. Муҳимтар он хоҳад буд, ки дар ин мактабҳо чӣ гуна инсонҳо ба камол расидаанд.

Аз ҳамин назар, муносибати Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маорифро низ бояд дар пайванди имрӯз ва фардо таҳлил кард.

Андар боби бузургӣ ва одӣ мондан

Дар бораи шахсиятҳои сиёсӣ навиштан кори саҳл нест. Хусусан, дар бораи касоне, ки солҳои тӯлонӣ дар маркази рӯйдодҳои таърихӣ қарор доранд.

Мушкил дар он аст, ки баъзан мақоми баланд симои инсонии шахсиятро дар паси худ пинҳон мекунад. Мо дар бораи қарорҳо, суханрониҳо ва вазифаҳои ӯ бисёр медонем, аммо дар бораи муносибаташ ба одамон, шеваи андеша ва ҷанбаҳои инсонии рӯзгораш камтар суҳбат мекунем. Ҳол он ки бузургӣ танҳо дар ишғоли мақоми баланд ифода намеёбад.

Баъзан бузургии инсонро дар муносибати ӯ бо нафаре метавон дарк кард, ки аз ҷиҳати мақом, имконият ва нуфуз аз ӯ хеле поёнтар аст. Дар чунин муносибат бисёр чизҳо ошкор мешаванд: фарҳанги муошират, эҳтиром ба шахсият, қобилияти шунидан ва дарки арзиши инсон.

Ин меъёр барои ҳамаи роҳбарон муҳим аст. Зеро мансаб ба инсон салоҳият медиҳад, аммо фарҳанги истифодаи салоҳият аз шахсияти худи ӯ вобаста мебошад. Мансаб метавонад дигаронро вазифадор созад, ки ба сухани роҳбар гӯш диҳанд. Аммо барои роҳбар муҳимтар он аст, ки худ низ сухани дигаронро шунавад. Мансаб имкони додани супоришро фароҳам меорад. Аммо масъулияти роҳбарӣ аз он иборат аст, ки супориш ба натиҷаи воқеӣ бирасад. Мансаб бо муҳлати муайян алоқаманд аст. Вале муносибати инсонӣ метавонад баъди гузашти солҳо низ дар хотираи мардум боқӣ монад. Ба ҳамин маъно, мардумӣ будан, пеш аз ҳама, масъулияти ахлоқӣ аст. Онро бо сухан эълон кардан мумкин, аммо бо рафтор бояд собит намуд. Маҳз аз ин ҷост, ки баъд аз ҳар мулоқоту суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорон суҳбати озоду самимӣ ва ошкоро доир мекунанд ва бевосита аз забони мардум дархосту таклифу пешниҳодҳоро мешунаванд.

Вақте мардум аз Президент интизорӣ доранд

Дар бораи мардумӣ будани роҳбар аз як масъалаи дигар низ набояд сарфи назар кард. Ҳар қадар эътимод ва интизории мардум аз роҳбар бештар бошад, масъулияти ӯ низ ҳамон андоза меафзояд. Зеро мардум аз роҳбар танҳо сухани хуб интизор нестанд. Онҳо ҳалли мушкилот, таъмини адолат, беҳтар шудани зиндагӣ ва муносибати одилонаи ниҳодҳои давлатиро мехоҳанд. Дар чунин шароит муҳим аст, ки фарҳанги муносибати роҳбари давлат бо мардум дар фаъолияти тамоми зинаҳои идоракунӣ низ инъикос ёбад.

Агар роҳбари давлат ба масъалаҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳ кунад, аммо дар зинаҳои поёнӣ арзу шикояти мардум беҷавоб монад, ҳадафи чунин муносибат пурра амалӣ намегардад. Агар барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор тадбирҳо андешида шаванд, аммо дар маҳал нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ сурат гирад, ин масъала бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шавад. Агар барои беҳтар кардани хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад, аммо шаҳрванд ҳангоми муроҷиат ба идорае ба монеаҳои беасос рӯ ба рӯ гардад, маънои онро дорад, ки дар байни сиёсат ва иҷрои он фосила вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, мардумӣ будани роҳбари давлатро бояд бо мардумӣ шудани тамоми низоми идоракунӣ пайванд дод.

Ин андеша аҳамияти хос дорад. Зеро муносибати роҳбар бо мардум ҳамон вақт ба фарҳанги устувори давлатдорӣ табдил меёбад, ки он дар фаъолияти масъулони ҳамаи сатҳҳо таҷассум ёбад. Ба ибораи дигар, эҳтиром ба инсон бояд аз як хусусияти шахсӣ ба меъёри фаъолияти давлатӣ табдил ёбад. Дар ин маврид мафҳуми «давлат дар хизмати мардум» мазмуни воқеӣ пайдо мекунад. Бо дарки ин андеша Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар мулоқоту суханронӣ аз масъулин даъват ба амал овардаанд, ки бо мардум бошанд ва барои ҳалли машкули онҳо камари ҳиммат банданд.

Он чӣ баъди солҳо боқӣ мемонад

Мо одат кардаем, ки фаъолияти роҳбарони давлатро бо рӯйдодҳои бузург ба ёд орем. Ин табиӣ аст. Зеро таърих аз воқеаҳои муҳим, қарорҳои сарнавиштсоз ва дигаргуниҳои ҷомеа шакл мегирад. Аммо хотираи мардум хусусияти дигар дорад.

Таърихнигор метавонад соли бунёди як роҳро сабт кунад. Сокини минтақа бошад, шояд тамоми умр рӯзе ба хотираш монад, ки бори аввал бе мушкил аз ҳамон роҳ ба хонаи падар расидааст.

Муҳаққиқ метавонад дар бораи рушди соҳаи тандурустӣ бо рақамҳо сухан гӯяд. Аммо барои оилае, ки дар беморхонаи навбунёд ба табобат дастрасӣ пайдо кардааст, он муассиса бо як хотираи шахсӣ пайванд хоҳад дошт.

Дар ҳисоботи соҳаи маориф шумораи муассисаҳо, хонандагон ва омӯзгорон оварда мешавад. Вале барои хатмкунандае, ки аз як мактаби деҳот ба донишгоҳ роҳ ёфтааст, мактаб метавонад оғози тамоми муваффақиятҳои зиндагӣ бошад. Аз ҳамин лиҳоз, таърихи давлатдорӣ дар ду шакл боқӣ мемонад: дар санадҳо ва дар хотираи инсонҳо. Санадҳо далелҳоро нигоҳ медоранд. Хотираи мардум бошад, ба ин далелҳо эҳсос ва маъно мебахшад.

Ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҳамин ду паҳлу метавон назар кард.

Дар як тараф, рӯйдодҳои бузурги сиёсию давлатӣ, раванди сулҳ, ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ, барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ қарор доранд. Дар тарафи дигар, зиндагии миллионҳо инсонест, ки ин рӯйдодҳо ба шаклҳои гуногун ба рӯзгори онҳо таъсир расондаанд.

Албатта, ҳар як давраи давлатдорӣ масъалаҳои ҳалталаб, мушкилот ва интизориҳои иҷронашуда низ дорад. Ин воқеият ҷузъи табиии зиндагии ҷомеа аст. Аз ин рӯ, арзёбии фаъолияти роҳбар бояд ҳам дастовардҳо ва ҳам масъулияти идомаи ислоҳоту ҳалли мушкилотро дар бар гирад. Вале маҳз ҳамин пайванди таърихи давлат бо зиндагии мардум имкон медиҳад, ки мафҳуми роҳбари мардумиро амиқтар фаҳмем.

Президент будан ва мардумӣ мондан

Ба назари инҷониб, ҳангоми сухан гуфтан аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ, бояд пеш аз ҳама, ба саволе посух ҷуст: мардумӣ будан дар зиндагии воқеӣ чӣ маъно дорад? Оё ин мафҳум танҳо дар наздикӣ бо мардум ифода меёбад? Оё барои мардумӣ будан муоширати самимӣ кофӣ аст? Ё масъала аз ин ҳам амиқтар буда, ба масъулияти роҳбар дар назди ҳар як шаҳрванд иртибот дорад?

Ба андешаи мо, ҷавоби саволи охир муҳимтар аст.

Зеро роҳбари мардумӣ будан, пеш аз ҳама, дарк кардани арзиши инсон мебошад. Ин дарк бояд дар сухан, муносибат, қарор ва натиҷаи фаъолияти давлатӣ зоҳир гардад.

Бунёди як мактаб вақте мазмуни амиқи иҷтимоӣ пайдо мекунад, ки дар он кӯдакон дониш ва тарбияи шоиста гиранд. Роҳи нав вақте аҳамияти воқеии худро нишон медиҳад, ки зиндагии мардумро осон созад. Сиёсати иҷтимоӣ вақте натиҷабахш мешавад, ки инсон беҳбудиро дар рӯзгори худ эҳсос намояд. Ҳамин аст меъёри асосӣ!

Шояд барои шинохти ҷойгоҳи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон низ зарур бошад, ки дар баробари таҳқиқи қарорҳои давлатӣ, сафарҳои расмӣ ва дастовардҳои бузург, зиндагии инсонҳо, хотираҳои онҳо ва тағйироте, ки дар сарнавишташон ба вуҷуд омадааст, бештар омӯхта шавад. Зеро таърих танҳо аз саргузашти роҳбарон иборат нест. Таърих саргузашти мардумест, ки бо қарорҳо, амалҳо ва рӯйдодҳои замони худ зиндагӣ мекунанд.

Дар ниҳоят, мақоми Президент дар санадҳои давлатӣ муайян мешавад, фаъолияти ӯ дар таърих арзёбӣ мегардад, аммо мардумӣ буданро муносибати воқеии ӯ бо инсонҳо маъно мебахшад. Ва шояд фарқи асосии мақом доштану мардумӣ мондан низ дар ҳамин бошад: Президент будан масъулияти роҳбарӣ бар давлат аст. Мардумӣ мондан масъулияти фаромӯш накардани инсон дар байни тамоми масъалаҳои давлат мебошад.

Мансаб ҷойгоҳи инсонро дар сохтори давлат муайян мекунад. Аммо ҷойгоҳи ӯро дар хотираи мардум, пеш аз ҳама, амалҳо ва муносибаташ ба зиндагии онҳо муайян хоҳанд кард. Ин аст меъёре, ки бо гузашти солҳо арзиши худро гум намекунад.

Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj