Якшанбе, 15 ноябр 2026
Иҷтимоъ

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид

ДУШАНБЕ, 15.11.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдодҳое мавҷуданд, ки на танҳо ҷараёни рушди давлат ва ҷомеаро муайян намудаанд, балки барои таъмини ояндаи миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи низоми давлатдорӣ аҳаммияти сарнавиштсоз доранд. Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

— Иҷлосияи мазкур дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи Тоҷикистон, дар шароити буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва ноустувории вазъи ҷамъиятӣ баргузор гардида, дар назди вакилони мардумӣ масъулияти бузурги таърихӣ гузошт. Вазъи мураккаби он давра тақозо менамуд, ки барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.

Маҳз дар чунин шароит Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун марҳилаи муҳимми эҳёи давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди сиёсиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас бозид.

Агар аз аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии иҷлосияи мазкур сухан гӯем, дар он интихоб гардидани роҳбарияти нави олии мамлакат яке аз рӯйдодҳои муҳимми Иҷлосияи XVI маҳсуб мешуд.

19 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Интихоби роҳбарияти нави давлат дар он шароити мураккаб барои муттаҳид намудани неруҳои ҷомеа, барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муайян намудани сиёсати минбаъдаи кишвар заминаи муҳимро фароҳам овард.

Дар ҷараёни иҷлосия якчанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ равона гардида буданд. Қабули қарорҳо ва санадҳои дахлдори гуногунҷанба дар ин давра нишон дод, ки роҳи ҳалли мушкилоти давлатдорӣ бояд ба қонун, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иродаи мардум асос ёфта бошад.

Аз ин нуқтаи назар, Иҷлосияи XVI на танҳо рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки марҳилаи муҳимми ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол мебошад.

Маҳз дар ин иҷлосияи тақдирсоз, ки дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд ва аз 19 ноябри соли 1992 масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд.

Пешвои миллат дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо дарки масъулияти бузург дар назди миллату давлат, иродаи қавии сиёсӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои наҷоти давлат аз буҳрони сиёсӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот талошҳои пайгирона ба харҷ доданд.

Яке аз нуктаҳои муҳими таърихӣ дар ин раванд суханронии нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони мардумӣ ва изҳори мавқеи қатъияшон дар масъалаи ҳифзи давлатдории миллӣ буд. Аз минбари ин иҷлосия ҳадафҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла барқарор намудани сулҳу оромӣ, таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳифзи истиқлолияти кишвар ва муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон садо доданд. Маҳз ҳамин аввалин суханрониашон, ки аз дил баромада буд, ба қаъри дили мардум нишаст ва мардум ба Раиси Шурои Олӣ ва Раиси Шурои Олӣ ба мардум такя намуданд.

Ҳамон лазҳаҳо бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни иҷлосия қарорҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои барқарорсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини идоракунии кишвар ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот аҳаммияти хоса ва муҳим доштанд.

Иҷлосияи XVI дар воқеъ оғози марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистон гардид. Нақши Пешвои миллат дар ин раванд, пеш аз ҳама, дар қабули масъулияти таърихии роҳбарии давлат, муайян намудани самтҳои асосии баромадан аз буҳрон ва гузоштани заминаҳои раванди минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ таҷассум меёбад.

Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун марҳилаи муҳими оғози роҳбарии давлат ва ташаккули сиёсати нави давлатдорӣ пайванди ногусастанӣ пайдо намуд. Дар ин иҷлосия қарорҳое қабул шуданд, ки ба таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ равона шуда буданд. Бо яке аз ин қарорҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардид, ки он ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хоссаро касб намуд.

Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу субот, ҳалли мушкилоти гурезаҳо, барқарор намудани муносибатҳои муътадили ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раванди минбаъдаи рушди давлат нишон дод, ки таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Дар идомаи ин ҷараён қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 заминаҳои конститутсионии рушди минбаъдаи давлатро муайян карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд.

Барои ҳар давлати соҳибистиқлол мавҷудияти низоми мукаммали ҳуқуқӣ, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ аз омилҳои асосии пойдории давлатдорӣ ба хусус дар ҳамон давру замон ба шумор мерафт. Нақши ин иҷлосия дар таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва адолати судӣ низ ҷойгаҳи муҳим ва тақдирсоз дорад.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар барқарорсозии фаъолияти мунтазами мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии идоракунии мамлакат заминаи мустаҳкам гузошта, масъалаи таъмини волоияти қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатиро дар мадди аввал гузошт.

Таҳкими низоми судӣ ва таъмини мустақилияти судяҳо яке аз шартҳои муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро маҳз суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилотро ҳифз намуда, адолати иҷтимоиро таъмин намояд.

Дар ин раванд, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои касбӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Фаъолияти мақомоти судӣ бояд дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва принсипҳои эътирофшудаи адолати судӣ ба роҳ монда шавад, зеро ин талабот барои таъмини эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши калидӣ дорад.

Қаддами дигаре, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи рушд ва тавоноӣ раҳнамун сохт, ин баланд бардоштани масъулияти наслҳои имрӯза дар ҳифзи арзишҳои таърихӣ мебошад.

Дар шароити рушди босуръати ҷомеа ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Махсусан, барои кормандони мақомоти давлатӣ ва низоми судӣ дарки моҳияти таърихӣ ва ҳуқуқии ин рӯйдод аҳаммияти хосса дорад. Зеро фаъолияти содиқона ба давлату миллат, риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини адолат аз ҷумлаи вазифаҳои асосии хизматчиёни давлатӣ дар ҳар давру замон маҳсуб мешаванд.

Мо бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро роҳнамои фаъолияти касбӣ қарор диҳем. Ҳамзамон тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ барои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд нақши муҳим мебозанд.

Дар маҷмуъ, аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ танҳо бо рӯйдодҳои соли 1992 маҳдуд намегардад, балки он дар раванди минбаъдаи рушди давлат, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таҳкими мақомоти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд низ таҷассум ёфтааст.

Нақши таърихии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузорӣ ва натиҷаҳои ин иҷлосия, қабули масъулияти роҳбарии давлат ва муайян намудани самтҳои асосии баромадан аз буҳрони сиёсӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти хосса ва дақиқан муҳим дорад.

Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Иҷлосияи XVI маънои эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ, қадршиносии истиқлолияти давлатӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад.

Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими қонунияту адолат, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва хизмат ба манфиатҳои давлату миллат яке аз вазифаҳои муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар корманди давлатӣ ва шаҳрвандони кишварамон мебошад.

Гулнора НУРЛЯМИНЗОДА,
сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj