Душанбе, 16 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон–ҳомии истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Иброз гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи арҷгузорӣ ба нақши Роҳбари давлат дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии кишвар мебошад. Ин сана ифодагари эҳтиром ба хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар роҳи таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Дар ҳамоиш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва наҷоти давлат аз буҳрони солҳои аввали истиқлолият махсус таъкид гардид.

Изҳор шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ буд, ки заминаи ташаккули марҳилаи нави давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварро фароҳам овард. Интихоби ӯ ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 низ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон доир ба рушди соҳаи маориф, ки  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад, ибрози андеша карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими низоми таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия иқдомҳои муҳим амалӣ гардиданд. Таваҷҷуҳ ба илму дониш ва тарбияи насли соҳибмаърифат омили асосии рушди устувори ҷомеа мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj