ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷмааи фарҳангии «Кохи Суруш» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент—симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти бузурги сиёсиву таърихӣ дошта, маҳз дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарии давлат омаданд. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ тамоми талошу заҳматро ба барқарорсозии сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон равона намуданд.
Гуфта шуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат барномаи мукаммали раҳоии мамлакат аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пешниҳод намуданд. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат дар ҷараёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки барои таҳкими қонуният ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар мамлакат замина гузоштанд.
Таъкид гардид, ки қабули Конститутсия, интихоби Сарвари давлат ва ташаккули сохторҳои давлатӣ барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
«Бо мақсади таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар таърихи давлатдории навини кишвар рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад»,- баён гардид дар ҳамоиш.
Иштирокдорон аз нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу оромӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар солҳои душвори таърихи мамлакат маҳз бо иродаи қавӣ ва масъулияти баланди ватандӯстӣ роҳбарияти давлат тавонист ба қалби мардуми азияткашида шуълаи умедро бозгардонад ва барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ роҳ кушояд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






