ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 15 ноябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Конференсияи ҷаҳонии забони чинӣ бо иштироки намояндагони зиёда аз 120 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар ҳамоиш ҳайатҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур ба масъалаҳои рушди таълими забони чинӣ, табодули таҷрибаи омӯзиш ва тавсеаи ҳамкории байналмилалии таълимӣ бахшида шуд.
Дар доираи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, инчунин дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат пайваста густариш меёбад. Ин раванд ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи имконияти омӯзиши забонҳо ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи конференсия Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд. Ин қадрдонӣ ифодагари эътирофи саҳми Донишкада дар омӯзиши забони чинӣ, омодасозии мутахассисони забондон ва рушди робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Чин мебошад.
Ҳамзамон ба Донишгоҳи давлатии Данғара ба муносибати таъсиси Донишкадаи Конфутсий сертификати таъсисӣ тақдим гардид. Дастовардҳои мазкур натиҷаи татбиқи сиёсати хориҷии мамлакат дар соҳаи маориф ва рушди ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин буда, ба густариши робитаҳои илмию таълимӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими дӯстии мардумони ду давлат мусоидат менамоянд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






