ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санад ба рушди таҳсилоти ҳуқуқӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи адлияи ду кишвар равона гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқоти ректори Донишкада Исфандиёр Собирзода бо ноиби президенти Донишгоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Чин Юй Фэй масъалаҳои ташкили даврҳои такмили ихтисос, табодули таҷрибаи омӯзгорӣ ва такмили усулҳои кумаки методӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба баргузории машғулияти муштарак дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистика бо ҷалби мутахассисони соҳавии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Дар баробари ин, барои омӯзиши таҷрибаи Чин дар ташкили низоми ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ барои Маркази ёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ва чопи мутақобили мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаи «Ҳаёт ва қонун» ва нашрияҳои донишгоҳи Чин мувофиқа карда шуд.
Ҷониби Чин пешниҳодҳоро мусбат арзёбӣ карда, барои татбиқи амалии санад изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






