ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 17 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот иттилоъ доданд, дар ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ду мавзуъ — «Ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон дар дар фазои маҷозӣ» ва «Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат иқомат доранд» маъруза намуд.
Инчунин доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии босуръати соҳаҳои гуногун, санадҳои муҳими стратегӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили мубрам ёдовар шуда, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтҳо пешниҳодҳои муфид манзур кард.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи узвияти Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба сафи Алянси Авруосиёии омбудсменҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар доираи ҳамоиши сатҳи баланд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия, Малайзия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯриҳо анҷом дод. Зимни мулоқотҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии омбудсменҳо буда, ҳамасола дар ҷаласаҳо ва чорабиниҳои он фаъолона иштирок мекунад.
АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






