ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Фароҳам овардани шароити таҳсил барои занону духтароне, ки бо сабабҳои гуногун аз идомаи омӯзиш маҳрум мондаанд, яке аз самтҳои муҳими давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ин хотир Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Танҳо дар панҷ соли охир 3 ҳазору 603 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин муассиса ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Имконият барои соҳибмаълумот шудани шаҳрвандон
Дастрасӣ ба таҳсил яке аз омилҳои муҳимми рушди ҷомеа, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои шаҳрвандон мебошад. Бо вуҷуди фароҳам будани шароити мусоиди таълим ҳанӯз ҳам бархе аз шаҳрвандон, ба хусус занону духтарон бо сабабҳои гуногун аз идомаи таҳсил маҳрум мондаанд. Дар ин замина фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ғоибона имконияти муҳим барои бозгашти онҳо ба муҳити донишомӯзӣ ва соҳибмаълумот гардидани шаҳрвандон ба шумор меравад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи таҳсили чунин шаҳрвандон 28 августи соли 2014 бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илм таъсис дода шуд.
Тавре директори муассиса Умед Чоршанбезода зимни суҳбат иттилоъ дод, муассисаи мазкур мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, таҳсили таълимгирандагони аз 17-сола болоро дар зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсил дар шакли ғоибона ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ мемонад.
Муассиса дар як баст имконияти фаро гирифтани то 250 нафарро дошта, таҳсил дар он дар ду зина — аз синфи 5 то 12 ташкил карда мешавад. Машғулиятҳо ба таври сессиявӣ дар ҳар нимсолаи таҳсил 30 рӯз гузаронида мешаванд. Дарсҳо аз соати 13:00 оғоз гардида, вобаста ба ҷадвали таълим то соатҳои 17:00–18:00 идома меёбанд.
Чунин шакли ташкили таълим ба шаҳрвандоне, ки бинобар сабабҳои гуногун имкони таҳсили рӯзонаро надоранд, шароити мусоид фароҳам меорад, то ҳамзамон бо фаъолияти меҳнатӣ ё иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ таҳсили худро идома диҳанд.
Таҳсили зиёда аз 8 ҳазор нафар давоми 12 сол
Натиҷаҳои фаъолияти муассиса давоми солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар фароҳам овардани имконияти таҳсил барои наврасону калонсолон саҳми назаррас дорад.
Ба иттилои директори муассиса, аз оғози фаъолият то охири соли таҳсили 2025–2026 дар муассиса 8 ҳазору 287 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 6 ҳазору 567 нафар онро хатм кардаанд. Махсусан, дар панҷ соли охир 3 ҳазору 603 нафар занону духтарон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муассиса ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 1 ҳазору 252 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти умумии асосӣ ва 2 ҳазору 308 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти миёнаи умумӣ гардидаанд.
Ҳамзамон танҳо соли 2026 168 хатмкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 187 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодати онанд, ки таҳсилоти ғоибона барои шаҳрвандон танҳо роҳи гирифтани маълумоти миёна набуда, балки имконияти идомаи таҳсил, интихоби касб ва расидан ба ҳадафҳои минбаъдаро низ фароҳам меорад.
Тартиби қабул ба муассиса
Шаҳрвандон ва хоҳишмандоне, ки барои идомаи таҳсил ба муассисаи мазкур муроҷиат менамоянд, бояд ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод кунанд. Аз ҷумла, шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд, парвандаи шахсии хонанда, ки дар бойгонии муассисаҳои таълимӣ ё шуъбаҳои маориф нигоҳ дошта мешавад, маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотномаи тиббӣ ва акси довталаб талаб карда мешавад.
Таҳсил дар муассиса ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шуда, маблағи шартномаи таҳсил барои як сол 1 ҳазору 326 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон хонандагони дорои дараҷаи якум ва дуюми маъюбӣ ҳамчун шунавандаи озод қабул гардида, аз пардохти маблағи таҳсил озод мебошанд. Китобҳои дарсӣ низ ба хонандагон ройгон пешниҳод карда мешаванд.
Таваҷҷуҳи махсус ба занону духтарони аз таҳсил дурмонда
Яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҷомеа фароҳам овардани шароити зарурӣ барои идомаи таҳсили занону духтароне мебошад, ки дар гузашта бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2024 зимни ёдоварӣ аз боздидҳои корӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ масъалаи бесаводӣ ва надоштани маълумоти зарурии баъзе занони миёнсолу калонсолро матраҳ намуда буданд.
Сарвари давлат бо ишора ба он ки бархе аз занон бинобар набудани шароиту имконият дар гузашта таҳсилро идома дода натавонистаанд, таъкид намуданд, ки имрӯз онҳо бо вуҷуди надоштани маълумот ва касби мушаххас барои таъмини рӯзгори худ фаъолият мекунанд. Ин андеша зарурати фароҳам овардани имконияти иловагии таҳсил ва касбомӯзиро барои шаҳрвандон, ба хусус занону духтарон боз ҳам равшантар месозад.
Дар ин замина маъмурияти муассиса Нақшаи чорабиниҳоро барои татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бартараф намудани камбудиҳои дар соли 2025 ҷойдошта таҳия намудааст.
Ба иттилои масъулин, дар нақша масъалаҳои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарони бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дурмонда, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, баррасии имконияти фарогирии шахсони синнашон аз 40 боло, инчунин амалӣ намудани зинаи аввали таҳсил ва фарогирии ҷавонони 16–17-сола пешбинӣ шудаанд. Татбиқи чунин тадбирҳо метавонад ба васеъ намудани доираи фарогирии шаҳрвандон ба таҳсил ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда мусоидат намояд.
Таъсиси муассисаҳои ғоибона дар шаҳру ноҳияҳо
Дар ҷомеа ҳанӯз ҳам занону духтароне кам нестанд, ки бо сабабҳои гуногун натавонистанд таҳсили худро идома диҳанд. Бархе аз онҳо бо уҳдадориҳои оилавӣ машғул шудаанд, қисме бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидаанд ва гурӯҳи дигар имкони дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиро надоштаанд.
Бо гузашти солҳо зарурати доштани маълумот ва соҳибкасб шудан бештар эҳсос мегардад. Зеро дар шароити имрӯза надоштани маълумоти миёна метавонад имконияти шуғл, касбомӯзӣ ва рушди шахсиро маҳдуд созад.
Сокини 37-солаи ноҳияи Восеъ Заррагули Мирзо аз ҷумлаи чунин шаҳрвандон мебошад. Ӯ бо сабабҳои гуногун таҳсилро дар мактаби миёна ба анҷом расонида натавонист. Ҳоло бо дарки аҳаммияти дониш ва зарурати соҳибмаълумот шудан мехоҳад таҳсилашро идома дода, соҳиби касбу ҳунар гардад.
Ба андешаи ӯ, барои фароҳам овардани имконияти бештари таҳсил зарур аст, ки чунин муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ таъсис дода шаванд.
«Хуб мешуд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолияти мактабҳои ғоибона (шабона) ба роҳ монда шавад, то онҳое, ки таҳсили худро идома надодаанд, дубора таҳсил кунанд. Зеро на ҳамаи онҳое, ки хоҳиши идомаи таҳсил доранд, имкони ба маркази ҷумҳурӣ рафта, таҳсил карданро доранд», — иброз медорад ӯ.
Ин пешниҳод масъалаи муҳими дастрасии шаҳрвандон ба таҳсилро ба миён мегузорад. Зеро мавҷудияти муассисаи таҳсилоти ғоибона дар пойтахт барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест. Маҳдудияти имконияти молиявӣ, дурии роҳ ва масъулияти оилавӣ метавонанд барои баъзе шаҳрвандони минтақаҳо монеа эҷод намоянд. Аз ин рӯ, омӯзиши имконияти ташкили шаклҳои мувофиқи таҳсилоти ғоибона дар шаҳру ноҳияҳо метавонад яке аз роҳҳои муассири ҳалли масъала бошад.
Таҷрибаи хатмкунандагони муассиса
Таҷрибаи хатмкунандагони муассиса нишон медиҳад, ки идомаи таҳсил метавонад барои тағйир додани шароити зиндагӣ ва расидан ба ҳадафҳои касбӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Марзия Файзуллозода яке аз хатмкунандагони ин муассиса буда, дар вақти дохил шудан ба ин муассиса аллакай оиладор ва модари се фарзанд буд. Бо вуҷуди масъулияти оилавӣ ва тарбияи фарзандон тасмим гирифт, ки таҳсилашро идома диҳад. Шавқу рағбат ба донишомӯзӣ ва хоҳиши соҳибмаълумот шудан ӯро водор сохт, ки ба муассисаи мазкур дохил шавад.
Номбурда баъди хатми мактаби ғоибона таҳсили худро дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода идома дода, онро муваффақона хатм намуд. Дар айни замон дар муассисаи таҳсилоти томактабии №111 ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад.
Таҷрибаи Марзия нишон медиҳад, ки агар инсон ирода, мақсад ва хоҳиши донишомӯзӣ дошта бошад, метавонад бо истифода аз имконияти мавҷуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Дар баробари ин, гирифтани маълумоти миёна барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои касбӣ заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Омӯзиши касбу ҳунар ба ҷавонону калонсолон имкон медиҳад, ки қобилияту истеъдоди худро рушд дода, дар оянда соҳиби шуғли муносиб гарданд.
Дастрасии бештар ба таҳсил
Бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси фаъолияти муассиса масъалаҳои марбут ба дастрасии таҳсилоти ғоибона дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамоянд.
Аз ҷумла, тақвияти ҳамкории муассиса бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маориф, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад барои муайян намудани шаҳрвандони аз таҳсил дурмонда ва ҷалби онҳо ба таҳсил мусоидат намояд.
Ҳамчунин зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус падару модарон ва занону духтарон тақвият дода шуда, онҳо аз имконияти мавҷудаи таҳсил ва касбомӯзӣ огоҳ гарданд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ғоибона барои онҳое, ки бо сабабҳои гуногун аз идомаи таҳсил маҳрум мондаанд, имконияти нав фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки ин имконият ба таври самаранок истифода гардида, ягон шаҳрванд бинобар мушкилоти иҷтимоӣ ё иқтисодӣ аз ҳуқуқи донишомӯзӣ маҳрум намонад.
Зеро саводу маърифат сарвати бебаҳои инсон буда, барои интихоби дурусти роҳи зиндагӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа заминаи устувор мегузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






