ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент муайян гардидааст. Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдорӣ – сохтори идоракунии президентӣ тибқи Конститутсияи нав оғоз ёфт. Дар соли 2026, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост меояд, ин ҷашн аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.
Аз вартаи ҷанг ба сӯи сулҳу ваҳдат
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, пас аз эълони истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Фазои руҳафтодагӣ ва нобоварӣ ба фардо, гурезаҳо, хунрезӣ, хазинаи холии давлат ва харобии амиқи иқтисодӣ ҷомеаро фаро гирифта буданд. Дар чунин вазъият барои наҷоти Ватану миллат роҳбаре зарур буд, ки тамоми неруяшро ба таъмини сулҳ ва ҳифзи истиқлол равона созад.
Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ин масъала ҳал гардид. 19 ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуда, ваколатҳои Роҳбари давлатро ба зиммаашон вогузор намуданд. Сарвари навинтихоб савганд ёд кард, ки ба сарзамини Тоҷикистон сулҳ меорад, охирин гурезаро ба Ватан бармегардонад ва миллати парокандаро сарҷамъ мекунад.
Бо ибтикори Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ дар иҷлосия «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Шурои Олӣ» қабул гардиданд, ки моҳияти онҳоро даъват ба сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва бозгашти гурезаҳо ташкил медод. Дар маҷмуъ, дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як муроҷиатнома қабул шуд, ки барои эъмори давлатдории навин, барқарор кардани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаи устувор гузоштанд. Бо ҷасорат ва фидокории Сарвари давлат сулҳу ваҳдат дар кишвар барқарор гардид.
6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва дар ҳамон рӯз бори аввал интихоботи Президенти мамлакат баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ба ин васила асосҳои ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд. Пас аз се соли гуфтушунидҳои душвор, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун намунаи беназири ҳалли осоиштаи низоъҳои дохилӣ сабт гардид.
Имрӯз садҳо кишвари ҷаҳон ҳастӣ ва мавҷудияти давлати тоҷиконро ба расмият шинохтаанд ва Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла дар самти масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо маълуму машҳур гардидааст. Давлатдории миллӣ, ки забон, фарҳанг, марзу бум, артиш, нишону парчам ва иқтисоди миллиро дар бар мегирад, дар замони истиқлол маҳз бо шарофати Пешвои миллат таҷдиду такмил ёфтааст.
Ниҳоди президентӣ – кафили суботу пешрафт
Тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли давлатӣ ва миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Ниҳоди президентӣ дар таҳкими низоми дунявии ҷомеа, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ нақши калидӣ мебозад.
Натиҷаҳои рушд дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон
Самараи ин роҳ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 равшан инъикос ёфтааст. Дар соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 173 миллиард сомонӣ расид ва суръати воқеии афзоиши он 8,4 фоизро ташкил дод. Дар даҳ соли охир ММД ба ҳар нафар аҳолӣ 2,7 маротиба – аз 6 ҳазор то 16,4 ҳазор сомонӣ афзуд, шумораи аҳолӣ аз 8,5 то 10,7 миллион нафар зиёд шуд, давомнокии миёнаи умр аз 70 то 77 сол расид ва сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Соҳаи саноат дар соли 2025 бо суръати 22 фоиз рушд кард, 400 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор оғоз намуд ва сатҳи амнияти озуқаворӣ ба 85 фоиз расид.
Дар ин санад ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Пешвои миллат вазифа гузоштанд, ки дастовардҳои зеҳни сунъӣ дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода шаванд, барои иқтисоди рақамӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад ва масъалаи таъсиси Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ва шабакаи марказҳои «сабз»-и коркарди маълумот омӯхта шавад. Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ 25 июли соли 2025 қатъномаро дар бораи нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ ва 12 декабри соли 2025 қатъномаро дар бораи эълони соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии саводнокии ҳуқуқӣ» қабул кард.
Ғамхории давлат дар бораи мардум низ идома дорад: аз 1 сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд гардида, ҳадди ақали музди меҳнат 1300 сомонӣ муқаррар шуд ва нафақаҳо на камтар аз 15 фоиз индексатсия гардиданд. Соли 2026 бо пешниҳоди Пешвои миллат «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудааст.
Яке аз нишонаҳои сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 таъсис додани Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Кормандон ва донишҷӯёни донишкада вазифадор гардидаанд, ки дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ, дастгирии стартапҳои ҷавонон ва васеъ намудани ҳамкории байналмилалӣ саҳми арзанда гузоранд.
Рӯзи Президент ҷашнест, ки моҳиятан арҷгузорӣ ва ифтихор ба Тоҷикистон, истиқлоли пойдори мамлакат, қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ мебошад. Ин ҷашн рамзи садоқат ба Ватан ва омили муҳими иттиҳоду ягонагии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Бигзор дастовардҳои 35 соли истиқлол барои насли ҷавон сарчашмаи ифтихор ва илҳом барои бунёди ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон гарданд.
Машҳура ВАЗИРОВА,
муаллими калони кафедраи илмҳои гуманитарии
Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






