Чоршанбе, 18 ноябр 2026
Иҷтимоъ

Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд

Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақоми муассисаи гузоришдиҳанда (Reporter) дар нашри сеюми «Раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027» (Times Higher Education Interdisciplinary Science Rankings 2027) ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ин раддабандӣ, ки «Times Higher Education» дар ҳамкорӣ бо «Schmidt Science Fellows» таҳия кардааст, 18 ноябри соли 2026 нашр шудааст.

Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва байналмилалии омӯзгорону донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имкон дод, ки маълумоти худро барои арзёбии байналмилалӣ пешниҳод намояд ва дар «Раддабандии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027» бо мақоми муассисаи гузоришдиҳанда ворид гардад.

Ин дастовард барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои донишгоҳ дар нашри навбатии раддабандӣ замина фароҳам меорад. Бо густариши таҳқиқоти муштараки байнифаннӣ ва афзоиши шумораи мақолаҳои илмӣ донишгоҳ метавонад аз соли оянда дар ин арзёбӣ, ки дар он донишгоҳҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Сингапур, Чин ва дигар кишварҳои Аврупову ҷаҳон иштирок мекунанд, натиҷаҳои беҳтар ба даст орад.

Дохил гардидани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба рӯйхати мазкур қадами муҳим дар роҳи густариши ҳузури он дар низоми байналмилалии арзёбии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад. Ин раддабандӣ саҳми донишгоҳҳоро дар рушди таҳқиқоти байнифаннӣ аз рӯйи се самт арзёбӣ мекунад. Дар он захираҳои барои таҳқиқот ҷудошуда, шароити пешбурди корҳои илмӣ ва натиҷаҳои онҳо ба назар гирифта мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj