ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои рақамӣ 18 ноябр дар Узбекистон зимни мулоқоти роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷро хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳамзамон ба омӯзиши таҷрибаи ҷониби Узбекистон дар самти рақамикунонии истеҳсолоти иҷро ва амалӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро, ташкили табодули таҷрибаи мутақобил, баргузории вохӯриҳои корӣ, машғулияти такмили ихтисос, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи усулҳои муосири фаъолият ҳамкориро тақвият мебахшанд.
Дар мулоқот ҳамзамон Барномаи ҳамкорӣ байни ин ду ниҳод ба имзо расонида шуд. Барнома барои таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, густариши табодули таҷриба ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷрои ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj







