Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Иҷтимоъ

АМАЛИНАМОИИ ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ ДАР ПОЙТАХТ

АМАЛИНАМОИИ ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ ДАР ПОЙТАХТ

 ш.Душанбе. 13.08.2026. Имрӯз бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, оид ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ вобаста ба амалинамоии лоиҳаи пилотии «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

 Дар ҷаласа роҳбарони зерсохторҳои масъул ширкат дошта, вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳр ҷиҳати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.