ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби дастаи Тоҷикистон тими миллии Узбекистон хоҳад буд. Вохӯриҳо 8 ва 10 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Барои бозиҳои дарпешистода сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба ҳайат 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонро даъват кардааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






