Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Варзиш

“Арсенал” пас аз 14 сол дар “Энфилд” боз ғолиб омад

“Арсенал” пас аз 14 сол дар “Энфилд” боз ғолиб омад

Бозии марказии даври 9-уми Премйер-лигаи Англия дар мавсими 2026/2027 миёни дастаҳои «Ливерпул» ва «Арсенал» ба анҷом расид. Дар ин вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи «Энфилд»-и шаҳри Ливерпул баргузор шуд, меҳмонон бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Ягона голи бозиро Кай Ҳавертс дар дақиқаи 16-ум ба самар расонида, ба «тӯпчиён» се имтиёзи муҳим овард. Вохӯриро ҳайати доварон таҳти роҳбарии Эндрю Мэдли ҳакамӣ карданд.

Пас аз ин ғалаба «Арсенал» бо 24 имтиёз аз 9 бозӣ дар садри ҷадвали Премйер-лига қарор дорад. «Ливерпул» бошад, бо 15 имтиёз дар мақоми панҷум ҷой гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки бори охир дар Премйер-лигаи Англия дастаи «Арсенал» соли 2012 дар майдони «Энфилд» бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд. Он вақт Микел Артета низ дар ҳайати асосии даста бозӣ мекард. Пас аз 14 сол Артета ин дафъа ҳамчун сармураббӣ «Арсенал»-ро ба пирӯзӣ дар «Энфилд» расонд.

Ҳамчунин, «Арсенал» дуюмин бошгоҳ дар таърихи Премйер-лигаи Англия гардид, ки ба нишондоди 300 ғалаба дар бозиҳои берун аз майдони худ даст ёфт. То имрӯз танҳо «Манчестер Юнайтед» ба чунин дастовард ноил шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, рӯзи 7 –уми ноябр, «Арсенал» дар майдони худ «Ҳалл Сити»-ро қабул мекунад. «Ливерпул» бошад, рӯзи 8 –уми ноябр дар сафар бо дастаи «Кристал Пэлас» рақобат хоҳад кард.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj