Сармураббии дастаи «Барселона» Ҳанс-Дитер Флик пас аз шикастҳо аз «ПСЖ» дар Лигаи чемпионҳо (2:4) ва «Реал Мадрид» дар чемпионати Испания (1:2) ба интиқодҳо посух дода, ҳадафҳои дастаро барои мавсими ҷорӣ мушаххас намуд.
«Ин маро ба ҳайрат намеорад, зеро чунин воқеият аст. Ҳадафу орзуҳои худро бояд бо натиҷаҳои хуб дар майдони футбол исбот кард. Мо беҳтарин бозии худро нишон додем ва барои узрхоҳӣ ягон сабаб надорем. Натиҷаи вохӯриҳо метавонист дигар хел бошад. Аммо мо дар як сатҳ бо “Реал” ва “ПСЖ” қарор дорем.
Ман тамоми диққати худро ба бозиҳои дарпешистода равона кардаам ва ба гузашта нигоҳ намекунам, на ба шикастҳо ва на ба ғалабаҳо. Мо барои расидан ба ҳадафҳоямон тамоми имкониятҳои заруриро дорем. Ҳадафи мо ғолиб шудан дар Ла Лига ва Лигаи чемпионҳост.
Ман ба иқтидори даста бовар дорам ва мутмаинам, ки мо метавонем дар таърихи футбол номи худро сабт намоем. Ин шикастҳо ҳеҷ чизро тағйир надоданд.
Дар футбол одатан таваҷҷуҳи бештар ба шикастҳо равона мешавад, зеро маҳз онҳо таваҷҷуҳи бештарро ба худ ҷалб мекунанд. Агар ман ҳам дар ҷойи шумо мебудам, эҳтимол дар бораи шикастҳо суҳбат мекардам. Ин як амри табиӣ аст», — иқтибос овардааст нашрияи Marca аз суханони Ҳанс-Дитер Флик.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj



