Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал, дастаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ҳарифи дастаи Тоҷикистон тими миллии Ӯзбекистон хоҳад буд. Вохӯриҳо рӯзҳои 8 ва 10 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Барои бозиҳои дарпешистода сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба ҳайат 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонро даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили Ӯзбакистон (8 - 10 ноябр):
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»);
Бозигарон: Муҳаммад Шарипов («Сипар»), Дилшод Саломов, Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Муҳаммад Авғонов (ҳама – «Истиқлол»), Насратшо Исмоилов, Некрӯз Идиев, Амирҷон Раҳимов (ҳама – КМВА), Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама – «Соро компания»), Сиёвуш Қаюмов («Амонатбанк»), Хусрав Холиқназаров («Сомон»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






