Дастаи «Бавария»-и шаҳри Мюнхен дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои УЕФА-2026/27 бар «Атлетико Мадрид» бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Метрополитано»-и шаҳри Мадрид баргузор шуда, довари фаронсавӣ Франсуа Летексйе ба ҳайси довари асосӣ фаъолият кард.
Леннарт Карл дар дақиқаи 54-ум ҳисобро ба фоидаи «Бавария» боз намуд. Дар дақиқаи 74-ум Конрад Лаймер аз паси головари Ҳарри Кейн истифода намуда, ҳисобро дуболо кард.
Пас аз ин пирӯзӣ «Бавария» дар чор бозӣ ҳашт имтиёз ба даст оварда, бо ин натиҷа дар ҷадвали марҳилаи умумии мусобиқа мақоми ҳаштумро ишғол мекунад. «Атлетико» бошад, бо чор имтиёз дар зинаи 22-юм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳои УЕФА бошгоҳи «ПСЖ»-и Фаронса мебошад. Дастаи шаҳри Париж дар финали мавсими 2025/26 бар «Арсенал»-и Лондон дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд. Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфта буд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj



