Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

“ПСЖ” дар меҳмонӣ дарвозаи “Вилярреал”-ро торумор намуд

“ПСЖ” дар меҳмонӣ дарвозаи “Вилярреал”-ро торумор намуд

Дастаи «ПСЖ»-и Фаронса дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои УЕФА-2026/27 дар сафар бар «Вилярреал»-и Испания бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Керамика»-и шаҳри Вилярреал баргузор гардид. Довари олмонӣ Феликс Тсвайер аз Берлин ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият кард.

Аз ҳайати дастаи шаҳри Париж Жоау Невеш дар дақиқаи 9-ум, Дезире Дуэ дар дақиқаи 12-ум, Сенни Маюлу дар дақиқаи 13-ум, Фабиан Руис дар дақиқаҳои 17-ум, 50-ум ва Давид Боли дар дақиқаи 78-ум ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ «ПСЖ» шумораи ғалабаҳои худро дар чор даври аввали мусобиқа ба чор расонида, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвали марҳилаи умумӣ миёни 36 даста қарор гирифт. «Вилярреал» бошад, дар чор бозӣ ҳамагӣ як ғалаба ба даст оварда, се маротиба мағлуб шудааст ва бо ин натиҷа дар зинаи 29-юм ҷойгир аст.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳои УЕФА бошгоҳи «ПСЖ»-и Фаронса мебошад. Дастаи шаҳри Париж дар финали мавсими 2025/26 бар «Арсенал»-и Лондон дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд. Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфта буд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj