Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

15 варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштирок мекунанд

15 варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштирок мекунанд

Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо муайян гардид. Варзишгарони тоҷик дар се бахши мусобиқа, самбои варзишӣ байни мардон, самбои нобино (SV-1) ва самбои размӣ байни мардон баромад мекунанд.

Дар риштаи самбои варзишӣ Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ менамоянд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг, Идибеки Амиршоҳ дар вазни то 64 кг, Ҳикматов Сафияллоҳ дар вазни то 71 кг, Диваштичи Убайдӣ дар вазни то 79 кг, Олимшоев Зафар дар вазни то 88 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 98 кг ва Некрӯзшоҳи Некбахтзода дар вазни беш аз 98 кг барои ба даст овардани медалҳо мубориза мебаранд.

Дар бахши самбои нобино (SV-1) ду намояндаи Тоҷикистон — Шоҳрух Назаров дар вазни то 79 кг ва Раҷаб Ҳусейнов дар вазни то 98 кг иштирок мекунанд.

Ҳамчунин, дар мусобиқаи самбои размӣ байни мардон Тоҷикистонро шаш варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Сиёвуш Солиҳов дар вазни то 58 кг, Назаров Хуршед дар вазни то 64 кг, Раҷабзода Худоёр дар вазни то 71 кг, Ҷӯмаев Рамазон дар вазни то 79 кг, Холид Толибзода дар вазни то 88 кг ва Расулов Худобахш дар вазни то 98 кг ба майдон мебароянд.

Ҳамин тариқ, ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар се бахши Чемпионати ҷаҳон 15 варзишгар ташкил медиҳанд. Намояндагони кишвар талош мекунанд, ки бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ барои Тоҷикистон медалҳои мусобиқаро ба даст оранд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати 50-уми ҷаҳон оид ба самбо рӯзҳои 6–8 ноябр дар маҷмааи «Game Sports Arena»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Дар мусобиқа намояндагони беш аз 90 кишвар иштирок намуда, барои 33 маҷмӯи медалҳо дар риштаҳои самбои варзишӣ, размӣ ва самбо барои нобиноён миёни мардону занон мубориза мебаранд.

Бори аввал дар таърихи Федератсияи байналмилалии самбо ба барномаи Чемпионати ҷаҳон самбо барои занони нобино низ ворид карда шудааст. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 363 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар чорабинӣ ҳамчунин тақрибан 25 чеҳраи шинохтаи самбо, аз ҷумла сафирони ин намуди варзиш Фёдор Емеляненко ва Ислом Махачев, ҳузур хоҳанд дошт.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj