Ҷумъа, 13 ноябр 2026
Варзиш

Ямал дар бозӣ бо “Астон Вилла” чанд рекорд гузошт...

Ямал дар бозӣ бо “Астон Вилла” чанд рекорд гузошт...

Голи аввалини Ламин Ямал дар бозӣ бо «Астон Вилла», ки бо пирӯзии «Барселона» бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт, ба ӯ имкон дод, ки аз Килиан Мбаппе пеш гузашта, рекорди нави голзаниро дар таърихи Лигаи чемпионҳо миёни футболбозони то 20-сола ба даст орад.

Ламин Ямал дар бозии марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо миёни «Барселона» ва «Астон Вилла» боз як дастоварди муҳимро ба номи худ сабт кард.

Футболбози испанӣ аз иштибоҳи ҳимоятгарони дастаи шаҳри Бирмингем истифода бурда, бо зарбаи тобнок бо пои чап тӯбро вориди дарвоза намуд. Ҳамин гол оғози пирӯзии «Барселона» бо ҳисоби 3:0 гардид. Дар ин дидор Рафиня низ дубл анҷом дод.

Ин голи 14-уми Ямал дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳо ба ҳисоб меравад. То кунун ягон футболбоз то расидан ба синни 20-солагӣ ба чунин нишондиҳанда даст наёфта буд.

Қабл аз ин бозӣ Ямал ва Килиан Мбаппе бо 13 голӣ дар зинаи аввал қарор доштанд. Аммо голи футболбози ҷавони «Барселона» ба дарвозаи тими Унаи Эмериро, ба ӯ имкон дод, ки соҳиби рекорди мутлақ гардад.

Айни ҳол Ямал 19-сола буда, моҳи июли соли оянда 20-сола мешавад. Аз ин рӯ, то расидан ба ин синну сол ӯ имконият дорад, ки нишондиҳандаи худро боз ҳам беҳтар намояд. Қобили зикр аст, ки финали Лигаи чемпионҳои мавсими 2026/27 рӯзи 5 июни соли 2027 дар варзишгоҳи «Метрополитано» баргузор мешавад.

Барои задани 14 гол дар Лигаи чемпионҳо ба Ямал 37 бозӣ лозим шудааст. Мбаппе бошад, то синни 20-солагӣ дар 23 бозӣ бо дастаҳои «Монако» ва «ПСЖ» 13 гол ба самар расонида буд. Ҳарчанд нишондиҳандаи голзании ҳамлагари фаронсавӣ аз рӯи шумораи бозиҳо беҳтар аст, Ямал ба далели оғози барвақти фаъолияти худ дар ин мусобиқа вақти бештари бозӣ доштааст. Ҳамчунин, бояд ба назар гирифт, ки ҳар ду футболбоз дар мавқеъҳои гуногун бозӣ мекунанд.

Ямал нахустин бозии худро дар Лигаи чемпионҳо дар синни 16 солу 2 моҳу 6-рӯзагӣ анҷом додааст. Мбаппе бошад, дар синни 17 солу 9 моҳу 7-рӯзагӣ ба майдон баромада буд. То замони расидан ба 20-солагӣ ҳамлагари фаронсавӣ дар ин мусобиқа ҳамагӣ 15 бозӣ гузаронидааст.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Лигаи чемпионҳо миёни футболбозони то 20-сола пас аз Ямал ва Мбаппе ҳамлагари норвегӣ Эрлинг Ҳоланд қарор дорад. Ӯ дар ҳамагӣ 8 бозӣ 10 гол задааст, ки аз рӯи таносуби шумораи бозиҳо ва голҳо натиҷаи назаррас мебошад. Ҳамчунин, дар ин рӯйхат номи Патрик Клюйверт, Карим Бензема ва Ҷуд Беллингем низ ҷой гирифтааст.

Дар таърихи «Барселона» дар Лигаи чемпионҳо Ямал бо 14 гол ба нишондиҳандаи Жерар Пике ва Роналдинйо баробар шудааст. Ҳоло ӯ аз рекорди Педро Родригес ва Христо Стоичков ҳамагӣ як гол қафо мебошад.

Агар Ямал боз ду голи дигар ба самар расонад, аз ҳамаи ин футболбозон пеш гузашта, ба даҳгонаи беҳтарин нишонзанҳои «Барселона» дар мусобиқаи бонуфузтарини бошгоҳии Аврупо ворид мешавад.

Ин рекорди нав дастовардҳои таъсирбахши футболбози ҷавони каталониҳоро боз ҳам бештар мекунад. Ямал аллакай ҷавонтарин футболбозе мебошад, ки дар ҳайати «Барселона» ба майдон баромадааст, инчунин ҷавонтарин намояндаи бошгоҳ дар Лигаи чемпионҳо ва ҷавонтарин футболбозе аст, ки дар ин мусобиқа ба ҳайати асосии даста шомил шудааст.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj