Дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2026/27 дастаи «Реал Мадрид» дар сафар бар АЕК-и Афина бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «ОПАП Арена»-и шаҳри Афина баргузор гардид.
Бозӣ бо оғози хуби мизбонон ҷараён гирифт. Дар дақиқаи 12-уми вохӯрӣ Абубакари Койта ҳисобро ба фоидаи АЕК боз кард. Аммо дар дақиқаи 32-юм Ҷуд Беллингем натиҷаро баробар намуд ва дастаҳо бо ҳисоби 1:1 ба танаффус рафтанд.
Дар қисми дуюми бозӣ рақобат боз ҳам ҷолибтар шуд. Дар дақиқаи 75-ум Ставрос Пилиос гол зада, АЕК-ро дубора ба пеш баровард. Бо вуҷуди ин, «Реал» ҳамагӣ се дақиқа пас тавассути Килиан Мбаппе ба ин гол ҷавоб дод.
Вақте ки ба назар мерасид, бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом мерасад, Федерико Валверде дар дақиқаи 90+2-юм голи сеюми «Реал»-ро ба самар расонд ва ба дастааш се имтиёзи муҳим овард. Ҳамин тавр, «Реал» дар як бозии пуршиддат бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Пас аз ин натиҷа «Реал» бо 12 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо қарор дорад. АЕК бошад, бо се имтиёз аз чор бозӣ дар ҷойи 29-ум мавқеъ гирифтааст.
Дар даври панҷум АЕК рӯзи 24-уми ноябр бо «Комо» рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамон рӯз «Реал» дар майдони худ бо ПСВ рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳо бошгоҳи «ПСЖ» мебошад. Дастаи шаҳри Париж дар финали мавсими гузашта бар «Арсенал»-и Лондон дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 1:1 ба анҷом расида буд. «ПСЖ» инчунин дар мавсими 2024/25 низ соҳиби ин ҷом гардида буд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






