Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Голи Ҳоланд дар сафар ба “Манчестер Сити” ғалаба овард

Голи Ҳоланд дар сафар ба “Манчестер Сити” ғалаба овард

Дастаи «Манчестер Сити»-и Англия дар бозии даври чоруми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2026/27 дар сафар бар «РБ Лейптсиг»-и Олмон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ред Булл Арена»-и Лейптсиг баргузор гардид. Довари асосии бозӣ Марко Гуида аз Италия буд.

Ҳисоб дар дақиқаи 37-уми бозӣ баъди ба дарвозаи худ гол задани ҳимоятгари мизбонон Кастелло Люкеба кушода шуд ва «Манчестер Сити» ба пеш баромад.

Дар оғози қисми дуюм, дақиқан дар дақиқаи 49-ум, Ридле Баку ҳисобро баробар кард. Аммо дар дақиқаи 58-ум Энтсо Фернандес бори дигар «шаҳриҳо»-ро пешсаф намуд. Антонио Нуса дар дақиқаи 61-ум тӯбро ба дарвозаи меҳмонон равон карда, натиҷаро баробар кард.

Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 78-ум голи сеюми «Манчестер Сити»-ро ба самар расонд. Ин гол ғалабаи меҳмононро таъмин кард ва дастаи шаҳри Манчестер аз Олмон бо се имтиёз бармегардад.

Пас аз ин натиҷа «Манчестер Сити» бо 9 имтиёз дар зинаи ҳафтуми ҷадвали умумии Лигаи чемпионҳо қарор дорад. «РБ Лейптсиг» бошад, бо се имтиёз дар ҷойи 29-ум мавқеъ гирифтааст.

Дар даври панҷум, ки рӯзи 24-уми ноябр баргузор мешавад, «РБ Лейптсиг» бо «Ланс» ва «Манчестер Сити» бо «Наполи» рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии Лигаи чемпионҳо бошгоҳи «ПСЖ» мебошад. Дастаи шаҳри дар финали мавсими гузашта бар «Арсенал»-и Лондон дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj