Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

Тими футзали Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаро муқобили Ӯзбекистон бохт

Тими футзали Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаро муқобили Ӯзбекистон бохт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бозии аввали дӯстонаи худро дар доираи омодагӣ ба мусобиқаҳои дарпешистода муқобили тими миллии Ӯзбекистон баргузор кард.

Вохӯрии дӯстонаи ду даста рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Футзалбозони Ӯзбекистон тавонистанд дар майдони худ бартариро истифода бурда, се маротиба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистонро рахна кунанд. Ҳамин тариқ, бозии аввал бо пирӯзии тими миллии Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрӣ яке аз ду бозии санҷишии ба нақша гирифташудаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ин рақобатҳо барои ҳайати мураббиёни ҳар ду даста имкони хуб фароҳам меоранд, то омодагии бозигаронро арзёбӣ намуда, таркиби даста ва ҷиҳатҳои тактикии худро такмил диҳанд.

Бозии дуюми дӯстонаи мунтахабҳои футзали Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Футзалбозони тоҷик дар ин дидор талош мекунанд, ки натиҷаи бозии аввалро ҷуброн намуда, бо натиҷаи мусбат майдонро тарк кунанд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj