Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Дубай нахустин бозии дӯстонаашро анҷом дод.
Ҳарифи мунтахаби мо тими наврасони Кот-д’Ивуар буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Асадбек Махтумов ба самар расонд.
Дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Дубай мунтахаби наврасони Тоҷикистон боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рӯзи 11 ноябр дастаи мо бо мунтахаби Фиҷи ва рӯзи 15 ноябр бо тими наврасони Танзания рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар доир мегардад, дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






