Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

6 медали варзишгарони тоҷик дар XV Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш

6 медали варзишгарони тоҷик дар XV Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш

Аз 4 то 9 ноябри соли 2026 бори аввал дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 6 медал ноил шуданд.

Бо гузашти 13 сол Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш барои Тоҷикистон медали тилло ба даст овард. Дар финали мусобиқа Сарвар бар намояндаи Ӯзбекистон - Баҳромбек Атоев зафар ёфт.

Паҳлавони тоҷик Ҳақдод Гулов (-60 кг) дар финали Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш аз варзишгари мизбон Миразат Айбатир мағлуб шуда, медали нуқра гирифт.

Умар Шеров (-73 кг) барандаи нишони биринҷӣ гардид. Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа Умар аз Акбар Уролови ӯзбек мағлуб шуда, медали биринҷӣ гирифт. Наврӯз Каримзод (-81 кг) дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа аз Аҳрор Зиёдуллоеви ӯзбек мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Ҳақназар Назаров (-90 кг) барандаи нишони тилло шуд. Дар финали мусобиқа Ҳақназар бар Йиҳам Кемалов аз Туркманистон ғалаба карда, медали тилло гирифт.

Саидҷамол Алимардонов (-100 кг) дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа аз Ҷаҳонгир Мамадраҳимови ӯзбек мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.

Аз ҳайати тими Тоҷикистон танҳо ба Фирдавс Насимов (-120 кг) муяссар нашуд, ки дар ин мусобиқа ба гирифтани медал ноил шавад.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик 15-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини курашро бо 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба анҷом расониданд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj