Дар доираи бозиҳои даври 12-уми чемпионати Испания оид ба футбол дастаҳои «Атлетико Мадрид» ва «Барселона» дар варзишгоҳи «Метрополитано»-и шаҳри Мадрид бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.
Дар дақиқаи 10-уми бозӣ Ҷулиано Симеоне аз паси головари Хулиан Алварес истифода намуда, ҳисобро ба фоидаи «Атлетико Мадрид» боз намуд. Фермин Лопес дақиқаи 45-уми бозӣ ҳисобро баробар кард.
Фермин Лопес дар дақиқаи 66-уми бозӣ аз паси головари Ламин Ямал истифода намуда, голи ғалабаовари «Барселона» ба самар расонид.
Пас аз ин пирӯзӣ «Барселона» дар 12 бозӣ соҳиби 33 имтиёз гардида, бо як имтиёз бештар аз рақибонаш ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баргашт. «Атлетико Мадрид» бошад, бо 28 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад.
Дар даври навбатии мусобиқа, ки рӯзи 22-юми ноябр баргузор мешавад, «Атлетико Мадрид» дар сафар бо дастаи «Хетафе» рӯ ба рӯ мегардад. «Барселона» бошад, дар майдони худ «Вилярреал»-ро қабул мекунад.
Ҳамин тариқ, «Барселона» бо пирӯзии муҳим дар рақобати марказии давр мавқеи худро дар мубориза барои қаҳрамонии Ла Лига тақвият бахшид.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






