Панҷшанбе, 12 ноябр 2026
Варзиш

8 гол дар бозии “МЮ” ва “Астон Вилла” ғолибро муайян накард

8 гол дар бозии “МЮ” ва “Астон Вилла” ғолибро муайян накард

Дар доираи бозиҳои даври 10-уми чемпионати Англия оид ба футбол дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Астон Вилла» дар варзишгоҳи «Олд Траффорд»-и шаҳри Манчестер бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрии серголу тамошобоб бо ҳисоби 4:4 ба анҷом расид.

Бозӣ бо оғози ғайриинтизор сурат гирифт. Футболбозони «Астон Вилла» аллакай то дақиқаи чоруми дидор ду маротиба дарвозаи мизбононро рахна карданд. Ҳамлагарон Алиссон Эдвард дар дақиқаи якум ва Николас Ҷексон дар дақиқаи чорум ба задани голҳо ноил шуданд.

Пас аз оғози номуваффақ «Манчестер Юнайтед» кӯшиш кард, ки ба бозӣ баргардад. Дар дақиқаи 16-ум капитани даста Бруну Фернандеш зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба гол табдил дода, фарқи ҳисобро кам кард. Дар дақиқаи 44-ум бошад, Юри Тилеманс ҳисобро баробар намуд ва дастаҳо бо натиҷаи 2:2 ба танаффус рафтанд.

Дар оғози қисми дуюм меҳмонон боз ташаббусро ба даст гирифтанд. Дар дақиқаи 48-ум нимҳимоятгари «Астон Вилла» Ҷон Макгинн аз зарбаи пеналтӣ истифода бурда, дастаашро дубора ба пеш баровард. Ҳамагӣ пас аз панҷ дақиқа Леон Горетска голи чорумро ба самар расонида, бартарии меҳмононро зиёд кард.

Вақте ба назар мерасид, ки «Астон Вилла» се имтиёзро ба даст меорад, футболбозони «Манчестер Юнайтед» дар дақиқаҳои охири бозӣ вокуниши ҷиддӣ нишон доданд. Дар дақиқаи 90+2-юм Ҷошуа Зиркзее ҳисобро 3:4 кард. Чор дақиқа пас, дар дақиқаи 90+6-ум Патрик Доргу голи чоруми мизбононро ба самар расонида, натиҷаи ниҳоиро 4:4 намуд.

Ҳамин тавр, «Манчестер Юнайтед» дар як бозии мушкил тавонист аз бохт наҷот ёфта, дар дақиқаҳои иловагӣ як имтиёз ба даст орад.

Пас аз 10 даври чемпионати Англия дастаи «Манчестер Юнайтед» бо 8 имтиёз дар зинаи 18-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. «Астон Вилла» бо 13 имтиёз мақоми 10-умро ишғол мекунад. Дар садри ҷадвал «Арсенал» бо 27 имтиёз ҷой гирифтааст.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj